Дар Муъминобод барои дастгирии занони ҳунарманд Маркази «Чирадаст» таъсис дода шуд

Июль 24, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати шаҳраки Чорсӯи ноҳияи Муъминобод Маркази дастгирии занони ҳунарманд «Чирадаст» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки марказ аз ҷониби ҳунарманд–соҳибкор ва гирандаи гранти президентӣ дар соли 2023 Гулбарг Боқиева бо маблағи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ гардидааст, таъсис ёфтааст.

Зимни ифтитоҳи марказ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои ҳифзи фарҳанги миллӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии занону духтарон аҳамияти калон дорад.

Гуфта шуд, ки занони тоҷик бо истеъдод, маҳорати баланд ва заҳмати содиқона метавонанд дар рушди иқтисоди оила ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ саҳми назаррас гузоранд

Занону духтарони ҳунарманд даъват карда шуданд, ки ба омӯзиши касбу ҳунар ва истифодаи самараноки имконоти мавҷуда машғул шуда, дар тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллат саҳми назаррас гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки маҳз бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти босамари занон равона гардидаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод. Соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 миллион сомонӣ расонида шуданд.

Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 24, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид