Дар Намоишгоҳи иқтисодии «Янлин» гӯшаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи иқтисодии «Янлин» доир шуд, ки дар он гӯшаи маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Намояндагони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, ин намоишгоҳро тамошо намуданд. Гуфта шуд, ки минтақаи намоишии «Янлин» — аввалин ва ягона парки миллии намоишии агротехнологияҳои олӣ дар Чин ба ҳисоб рафта, маркази асосии тадқиқоти кишоварзӣ, инчунин пойгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубодилаи технологияҳои аграрӣ мебошад.
Ин намоишгоҳ аз соли 1994 инҷониб баргузор шуда, соли 2024 дар он зиёда аз 1800 корхона аз 49 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. «Янлин» на танҳо намоишгоҳ, балки шаҳри илмию технологӣ низ аст.
Ҳамзамон дар намоишгоҳ корҳои таҳқиқотӣ дар самти парвариши навъҳои олии моҳӣ гузаронида мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз намуд, ки дар вилоят ба рушди соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






