Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Маркази ҳифзи маълумот таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ муовини якуми Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизмҳои ҳифзи барномавӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ амалӣ карда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, шаффофият ва устувории низомҳои иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Ҳаким Исмоилзод афзуд, ки бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид барои дастгирӣ ва рушди ширкатҳои соҳавии технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе IT-Парк фаъолият дорад, ки бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ дар он 84 субъект (резидент) ба қайд гирифта шудаанд.
Дар нишасти матбуотӣ бо дахли фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ гуфта шуд, ки аз оғози фаъолияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти соҳа 5 қонун, 34 қарори Ҳукумат ва 5 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






