Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар» /. 21 июл дар шаҳри Роғун дар доираи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар мавзуи «Риояи талаботи бехатарии корҳо дар раванди сохтмони иншооти гидротехникӣ, назорати муомилоти маводи тарканда, иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо, инчунин бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамоиш дар доираи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда бо мақсади баланд бардоштани сатҳи риояи талаботи бехатарии саноатӣ, такмили татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ, инчунин пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ дар раванди сохтмон ва фаъолияти иншооти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳимми таъмини бехатарии саноатӣ дар сохтмони иншооти гидротехникӣ, назорати муомилоти маводи таркандаи таъйиноти саноатӣ, истифодаи иншооти борбардор, кранҳо, лифтҳо ва зарфҳои зери фишор коркунанда, инчунин бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштироккунандагон оид ба ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи якуми соли 2026 бақайдгирифта ва масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти сохтмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» маълумот пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин дар доираи рӯзномаи ҳамоиш масъалаҳои риояи талаботи бехатарии саноатӣ дар соҳаҳои кимиё ва металлургия, бехатарии саноатӣ ва ҳуҷҷатгузории техникӣ дар корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми истифодаи иншооти борбардор ва зарфҳои зери фишор, инчунин нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи маводи таркандаи таъйиноти саноатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун яке аз иншооти стратегии мамлакат дар таъмини истиқлоли энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, таъмини бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш, инчунин ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон аз вазифаҳои муҳимми мақомоти назоратӣ ва субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоб меравад.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо ба зарурати риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ, таҳкими интизоми истеҳсолӣ, такмили ҳуҷҷатгузории техникӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарону кормандони корхонаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Иброз гардид, ки таъмини бехатарии саноатӣ масъулияти муштараки мақомоти назоратӣ, роҳбарон, муҳандисон ва кормандони истеҳсолӣ буда, риояи дақиқи талаботи бехатарӣ барои фаъолияти устувор ва боэътимоди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аҳаммияти калидӣ дорад.
АКС: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад






