Дар нимсолаи якуми соли 2026 дороиҳои «Саноатсодиротбонк» 1,3 миллиард сомониро ташкил дод

Июль 20, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» аз афзоиш ёфтани доироиҳояш иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 дороиҳои бонк 1,3 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 9,2 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Уҳдадориҳои «Саноатсодиротбонк» дар давраи ҳисоботӣ 610,0 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра сармояи бонк ба 752,3 миллион сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 88,6 миллион сомонӣ ё 13,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Барои рушди иқтисодиёти кишвар ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар нимсолаи якуми соли равон 3 ҳазору 359 қарз ба маблағи 290,3 миллион сомонӣ ба мизоҷон ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 827 қарз ба маблағи 108,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи умумии мизоҷони бонк дар ин давра 80 ҳазору 142 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 21 ҳазору 71 мизоҷ ё 36 фоиз зиёд аст.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти «Саноатсодиротбонк» ба дастгирии соҳибкорони ватанӣ, рушди соҳаҳои истеҳсолӣ ва таҳкими умумии иқтисодиёти миллӣ нигаронида шудааст.

АКС: «Саноатсодиротбонк»

Июль 20, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд