Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон суръати рушди иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи 8,2 дарсад таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар шуд. Дар ин хусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 июл зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Иброз гардид, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,1 дарсад, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,4, боркашонӣ 14,7, гардиши савдо 26,1, мусофиркашонӣ 8 ва хизматрасонии музднок 10,6 дарсад таъмин шудааст. Сатҳи таваррум дар ин давра 2,4 дарсадро ташкил дод.
«Нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 дар сатҳи 114,3 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 36,4 миллиард сомонӣ ворид гардид»,- изҳор намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои марбут супориш доданд, ки барои таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва дар сатҳи на камтар аз 8 дарсад дар соли 2026 афзоиш додани суръати рушди воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ пешниҳодҳои мушаххасро оид ба дарёфти манбаъҳои иловагии рушд, бахусус дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ба монанди саноат, энергетика ва кишоварзӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири моҳи августи соли равон манзур намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






