Дар нимсолаи якуми соли 2026 қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 0,17 фоиз баланд шуд

Июль 21, 2026 15:15

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ ба андозаи 0,17 фоиз баланд шуд (аз 9,2513 сомонӣ дар санаи 31.12.2025 то ба 9,2674 сомонӣ дар санаи 30.06.2026). Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома дод.

Инчунин бо назардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтанд.

Аз ҷумла, қурби тангаи Қазоқистон 3,33 фоиз, юани Чин 3,1 фоиз ва рубли Федератсияи Русия 0,60 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 8,62 фоиз, рубли Беларус 0,13 фоиз, суми Узбекистон 0,30 фоиз ва соми Қирғизистон 0,04 фоиз нисбат ба доллари амрикоӣ коҳиш ёфт.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2026 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст