Дар ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истифода дода шуд

Июль 9, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иншоот аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 июли соли равон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Иншооти мазкур ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бунёд гардидааст. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар масоҳати 1,5 гектар бунёд гардида, тибқи лоиҳа дар он муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.

Дар боғ нишастгоҳҳо, фаввораҳо, гулгаштҳо ва нуқтаҳо барои омода намудани таомҳои миллӣ ташкил гардидаанд, ки барои истироҳати бофароғати сокинону меҳмонон мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки мутобиқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳияи Айнӣ бунёди 595 адад иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ гардида буд. Бо дарназардошти талаботи рушди минбаъдаи ноҳия дар соли 2026 боз 134 адад иншооти иловагӣ ба нақша ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии иншооти ҷашнӣ ба 729 адад расонида шуд.

Бино ба иттилои сардори бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Шоҳвар Давронов, айни замон аз шумораи умумии иншооти ба нақша гирифташуда 675 адад иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 882 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Ин нишондиҳанда 113,4 фоизи нақшаи ибтидоии пешбинишударо ташкил медиҳад, ки аз иҷрои босифат ва натиҷабахши корҳои созандагӣ дар ноҳия шаҳодат медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд