Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт ба истифода дода мешавад

Июль 10, 2026 09:12

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт бунёд идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни шиносоии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҷараёни сохтмони ин иншооти энергетикӣ иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз тақрибан 70 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. Ҳамзамон корҳои насби таҷҳизот ва омодасозии иншоот тибқи талабот идома доранд.

Тибқи нақша, неругоҳи мазкур то охири соли равон пурра мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба масъулони лоиҳа барои таъмини сифати баланд, риояи талаботи техникӣ ва иҷрои пурраи корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муқарраршуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таъкид гардид, ки ба истифода додани неругоҳи барқи офтобии ноҳияи Ашт дар баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти энергияи «сабз» ва таҳкими амнияти энергетикии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2026 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ