Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли равған сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко Инвест» идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Корхонаи мазкур бо саҳми гурӯҳи ширкатҳои «Фаровон» бунёд гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан дар як шабонарӯз то 200 тонна равғани пахта ва офтобпарастро дар зарфҳои аз 0,5 то 5- литра истеҳсол ва бастабандӣ хоҳад кард.
Масъулон иброз доштанд, ки дар корхона технологияҳои муосир васлу насб гардида, дар раванди истеҳсол аз роботҳо низ ба таври васеъ истифода мешавад. Бо оғози фаъолияти пурра корхона дар ду баст кор карда, то 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зартахта» низ идома доранд. Дар ин корхона дар оянда эко-панелҳои сохтмонӣ бо ғафсии аз 5 то 20 миллиметр истеҳсол карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди саноати миллӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи баландсифати сохтмонӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, сокинон ва масъулон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои нави меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






