Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» сохтмони корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Корхона дар 3500 метри мураббаъ сохта шуда, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Таҷҳизоти муосири истеҳсолии автоматикунонида аз Аврупо ворид гардида, ҳоло корҳои насби он идома доранд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона маҳсулот дар қуттиҳои коғазии тетрапак истеҳсол шуда, 10 ҷойи нави кор таъсис хоҳад ёфт. Ин иқдом барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, тавсеаи содирот ва рушди минбаъдаи саноати вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» фаъолият дорад.
Дар корхона зиёда аз 60 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла афшура, шарбат, нӯшокиҳои ташнагишикан ва сабзавоти консервшуда истеҳсол гардида, қариб 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Барои истеҳсоли маҳсулоти махсуси кӯдакон ва наврасон низ коргоҳи алоҳида фаъолият дошта, дар он аз меваю сабзавоти ватании сервитамин афшура ва шарбатҳои хушсифат омода карда мешаванд.
Корхона маҳсулоташро бо бренди «Мерси Боку» ба бозор пешниҳод намуда, бо назардошти афзоиши талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳамасола номгӯй ва ҳаҷми истеҳсолотро зиёд менамояд.
Меваю сабзавот барои коркард тибқи шартнома аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боғдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои мамлакат дастрас гардида, аз онҳо маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар корхона дар як шабонарӯз то 10 тонна меваю сабзавот қабул ва коркард шуда, маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона бо бренди «Мерси Боку» ба Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия содирот карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






