Дар ноҳияи Деваштич кишти картошка ба 10 ҳазор гектар расонида мешавад

Июль 9, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 июли соли равон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дастур доданд, ки майдони кишти картошка дар ноҳия ба 10 ҳазор гектар расонида шавад, то ки ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, имкони содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар низ пайдо шавад.

Ноҳияи Деваштич яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, ҳамасола дар таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти муҳими озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 9 ҳазору 200 гектар кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи пешбинишудаи кишт беш аз 113 фоиз иҷро гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори соҳа ва истифодаи самараноки иқтидори заминҳои кишоварзӣ дарак медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо ба ҳолати 5-уми июли соли равон 15 ҳазору 540 тонна, аз ҷумла картошка ба 9 ҳазору 197 тонна расида, истеҳсоли сабзавот, полезиҳо, мева, асал, гӯшту шир ва тухми паранда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида зиёд гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид