Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия хабар доданд.
Аз рӯйи масъалаи асосии рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҷурабек Муродзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар шаш моҳи аввали соли равон ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда гузориш пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки ҳизбиёни ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва дар партави омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва ободонии ноҳия саҳми назаррас гузоштанд.
Гуфта шуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар самти шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои миллӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои сулҳу субот, обу иқлим, зеҳни сунъӣ ва тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ чорабиниҳои гуногуни таблиғотиву ташвиқотӣ ва мулоқоту вохӯриҳоро бо иштироки сокинон баргузор намуданд.
Ҳамчунин бо иштироки соҳибкорон ва тоҷирони бозорҳои ҳудуди ноҳия вохӯриҳои судманд доир гардида, бахшида ба идҳои миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ беш аз 1254 чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ ташкил карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 23 ташкилоти нави ҳизбӣ таъсис ёфта, 3244 нафар шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ташкилоти ҳизбӣ бештар мебошад.
Бо мақсади таҳкими фаъолияти дохилиҳизбӣ, риояи талаботи Оинномаи ҳизб ва тақвияти корҳои идеологиву таблиғотӣ барои раисони ташкилотҳои ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ машваратҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Дар самти кор бо занону ҷавонон ва оммавигардонии варзиш низ як қатор чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ доир шуданд.
Дар рафти маҷлис пешниҳод гардид, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ таҳти шиори «Истиқбол аз Истиқлол — 35 соли созандагӣ, ваҳдат ва пешрафт!» баргузор карда шаванд.
Ҳамчунин муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурзода ва аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб Далер Абдулло ва Фарзона Шарифӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026 ибрози назар намуда, пешниҳод карданд, ки гузориши Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ба инобат гирифта шавад.
Дар идома мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Садриддин Ширинбекзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён таваҷҷуҳи ҳозиринро ба татбиқи қарорҳои Анҷумани XV ҳизб, тақвияти корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ, тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҷалб намуда, ба зарурати вусъат бахшидани иқдомҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ таъкид карданд.
Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда, аз ҷумла ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026, тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли равон, таъсиси Ситоди ноҳиявии «Обуна-2027» ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт», инчунин дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид






