Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид

Июль 20, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиши сайёри осорхонавӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд.

Намоиш ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, як ҳафта идома меёбад.

Ҳадафи намоиш муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об, пиряхҳо, пешгирии тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа тавассути санъати тасвирӣ арзёбӣ гардид.

Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода ва муовини якуми директори Осорхонаи миллӣ Алишер Зарифӣ оид ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, нақши осорхонаҳо дар тарғиби мероси миллӣ ва муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим суханронӣ намуданд.

Дар доираи намоиш беш аз 40 асари санъати тасвирӣ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ, ки аз ҷониби рассомони маъруфи Тоҷикистон дар солҳои гуногун офарида шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар онҳо манзараҳои кӯҳистон, пиряхҳо, рӯдҳо, кӯлҳо ва дигар мавзуъҳои марбут ба об ва муҳити зист инъикос ёфтаанд.

Тавре таъкид гардид, намоиши сайёр дар доираи чорабиниҳои фарҳангии Осорхонаи миллӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ба таҳкими маърифати фарҳангӣ ва экологӣ, эҳтиром ба табиати нодири кишвар ва муаррифии сиёсати созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод

Июль 20, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд