Дар ноҳияи Рашт бинои нави фурудгоҳ бунёд карда мешавад

Июль 22, 2026 14:35

РАШТ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт сохтмони бинои нав оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Фурудгоҳи ноҳияи Рашт иншооти муҳими стратегии минтақа ба шумор рафта, бунёди бинои нави он дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароити муосири фаъолияти кормандон ва қабулу гусели мусофирон нақши асосӣ дорад.

Истифодаи технологияҳои муосир ва риояи меъёрҳои соҳавӣ дар сохтмони бино таъмин гардида, иншоот бо тамоми шароити зарурии хизматрасонӣ бунёд карда мешавад. Баъди ба истифода додани он имконоти фурудгоҳ васеъ гардида, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти робитаҳои нақлиётӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ноҳияи Рашт заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки иншооти мазкур самараи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бунёди он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ равона мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июль 22, 2026 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад