Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Июль 24, 2026 11:33

ШАҲРИНАВ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба иқтисоди «сабз» ҳамчун омили рушди устувори иҷтимоӣ ва тавсеа додани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб ва Рӯдакӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иброз гардид, ки ташаккули иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037», ки соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, амалӣ мегардад.

Мақсади стратегия гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ба роҳ мондани технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз» мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 иброз доштанд, ки бо мақсади истеҳсоли энергияи «сабз», рушди иқтисоди «сабз» ва паст намудани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Татбиқи супоришҳои Сарвари давлат ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус рушди соҳаи энергетика, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ, ки ҳамчун соҳаи камхарҷу сердаромад шинохта шудааст, мусоидат намуда, ба сохтмони босуръати иншооти табобатӣ-маишӣ, базаҳои сайёҳӣ ва ташкилоти тандурустӣ ва ташкили ҷойи нави кор мусоидат менамояд.

Дар ҷаласа ба аъзои шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар байни аҳолӣ оид ба тақвияту татбиқи иқтисоди «сабз» корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2026 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд