Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад

Июль 3, 2026 14:10

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сино татбиқи низоми  «Пардохти ягонаи коммуналӣ» оғоз мешавад. Ҳадафи асосии он содда, қулай ва муосир гардонидани пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ мебошад.

Акнун сокинон метавонанд тамоми хизматрасониҳои коммуналиро бо як пардохт тариқи ҳамёнҳои электронии мобилӣ пардохт намоянд — зуд, осон ва бе зарурати муроҷиат ба хазинаҳо, нуқтаҳои қабули пардохт ва интизори нозирон.

Ба ивази якчанд ҳисобҳои шахсӣ ва усулҳои гуногуни пардохт, минбаъд як ҳисоби ягонаи шахсӣ истифода мешавад, ки маблағҳои ҳисобшуда барои хизматрасониҳои асосии коммуналиро муттаҳид менамояд:

  • неруи барқ;
  • таъминоти об ва корезӣ;
  • шабакаҳои гармидиҳӣ;
  • баровардани партовҳои сахти маишӣ;
  • хизматрасонии фонди манзил.

Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки тартиби ҳисобкунии маблағҳо ва рӯйхати хизматрасониҳо бетағйир мемонанд. Танҳо тарзи пардохт иваз мешавад.

Афзалиятҳо барои сокинон

То имрӯз сокинон барои ҳар як хизматрасонӣ расиди электронии алоҳидаи коғазӣ мегирифтанд ва маблағҳоро аз рӯи ҳар як ҳисоби шахсӣ ҷудогона пардохт мекарданд. Дар баъзе ҳолатҳо барои ҷамъоварии маблағ нозир ба манзилҳо ташриф меовард. Ин ҳолат барои сокинон нороҳатӣ эҷод мекард.

Акнун тамоми хизматрасониҳоро метавон бо як пардохт тариқи онлайн тавассути ҳамёнҳои электронии мобилӣ, бе ташриф ба хазинаҳо ва нуқтаҳои қабули пардохт, пардохт намуд.

Низоми нав чӣ афзалиятҳо дорад?

«Пардохти ягонаи коммуналӣ» имкон медиҳад:

  • тамоми хизматрасониҳои коммуналӣ бо як пардохт анҷом дода шаванд;
  • пардохт дар ҳар вақти муносиб ба таври онлайн анҷом дода шавад;
  • тасдиқи пардохти муваффақ фавран дастрас гардад;
  • зарурати нигоҳдории расиди электронии коғазӣ аз байн равад;
  • ҳисобкуниҳо ва таърихи пардохтҳо дар як ҷой ба осонӣ назорат карда шаванд;
  • муҳимтар аз ҳама, дигар нозирон барои ҷамъоварии маблағ ба шумо муроҷиат намекунанд.

Ҳамин тариқ, низоми нав раванди пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад.

Пардохт чӣ гуна анҷом дода мешавад?

Пас аз ҳисобкунии ҳар моҳаи маблағҳо, ба сокин SMS хабар ирсол мегардад, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:

  • рақами ҳисоби ягонаи шахсӣ;
  • маблағи пардохт;
  • пайванд барои гузаштан ба саҳифаи пардохт.

Пардохти хизматрасониҳои коммуналиро метавон ҳамагӣ бо чанд зеркунии тугма тариқи пардохти онлайн анҷом дод.

Муҳим аст, ки пас аз оғози татбиқи лоиҳа, пардохт танҳо аз рӯи ҳисоби ягонаи шахсӣ анҷом дода шавад. Ҳисобҳои шахсии қаблӣ эътибори худро аз даст медиҳанд ва пардохт тавассути онҳо қабул карда намешавад

Эзоҳ: Қарзҳое, ки то оғози фаъолияти низоми «Пардохти ягонаи хизматрасониҳои коммуналӣ» дар назди таъминкунандагони хизматрасониҳои коммуналӣ ба вуҷуд омадаанд, ба ҳисобкунии ҷории ҳисоби ягонаи шахсӣ дохил карда намешаванд.

Агар маблағ пурра пардохт нашавад, чӣ мешавад?

Агар сокин маблағеро пардохт кунад, ки аз маблағи ҳисобшуда камтар бошад, маблағи пардохтшуда ба таври худкор тақсим карда мешавад.

Пеш аз ҳама, маблағи қарзи неруи барқ пурра пардохт карда мешавад. Боқимондаи маблағ мутаносибан байни дигар хизматрасониҳои коммуналӣ тақсим мегардад.

Агар маблағи пардохтшуда ҳатто барои пардохти пурраи неруи барқ кофӣ набошад, тартиби амалкунандаи таъминкунанда, аз ҷумла имкони маҳдуд намудани таъминоти неруи барқ тибқи тартиби муқарраргардида, татбиқ мешавад.

Агар маблағи бештар пардохт карда шавад, чӣ мешавад?

Агар тамоми маблағи ҳисобшуда пардохт гардад, қарз пурра пардохтшуда ҳисобида мешавад.

Агар маблағи аз ҳисобшуда зиёд пардохт шавад, маблағи изофӣ ҳамчун пардохти пешакӣ дар ҳисоби ягонаи шахсӣ нигоҳ дошта шуда, ҳангоми ҳисобкунии маблағҳои моҳи оянда ба инобат гирифта мешавад. Барои ин аз ҷониби сокин ягон амали иловагӣ талаб карда намешавад.

Ин лоиҳа як қисми рушди хизматрасониҳои рақамии муосир дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад. Ҳадафи он содда, муосир ва қулай гардонидани низоми маъмулии пардохт барои сокинон аст.

Ҳисоби ягонаи шахсӣ имкон медиҳад аз якчанд пардохтҳои алоҳида даст кашида, раванди пардохт зудтар ва осонтар гардад, инчунин баҳисобгирии ҳисобкуниҳо ва пардохтҳои анҷомшуда боз ҳам шаффофтар таъмин карда шавад.

Дар сурати пайдо шудани саволҳо ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?

Барои гирифтани машварат оид ба масъалаҳои ҳисобкунии маблағҳо, пардохт ё фаъолияти низоми нав метавонед аз роҳҳои зерин истифода баред:

  • маркази тамос 3322
  • сомона 1hisob.tj
  • тавассути Telegram-бот https://t.me/hisob_1_bot;
  • тавассути Telegram (поддержка) 811 10 33 22.

Мутахассисони хадамоти мизоҷон ба шумо дар масъалаҳои вобаста ба ҳисобкуниҳо, пардохт ва истифодаи низоми нав кӯмак мерасонанд.

Агар масъала ба ҳолатҳои садамавӣ — қатъ гардидани таъминоти неруи барқ, об, шабакаҳои гармидиҳӣ ё дигар носозиҳои техникӣ вобаста бошад, бояд бевосита ба хадамоти фаврии таъминкунандаи дахлдори хизматрасониҳои коммуналӣ муроҷиат намоед.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 3, 2026 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ