Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки Зафаробод яке аз ноҳияҳои калони кишоварзӣ дар вилояти Суғд буда, майдонҳои кишоварзии он асосан таввассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мегарданд. Ин аст, ки саҳми кишоварзони ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас мебошад.
Солҳои 2024 ва 2026 бо назардошти фарсуда гардидани агрегатҳои пойгоҳҳои обкашии ноҳия, бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» ва «Мирзочӯл-2» агрегатҳои нав харидорӣ ва насб карда шуданд.
Ин агрегатҳо давоми мавсими обёрӣ бо иқтидори пурра ва бенуқсон кор карда, ба беҳтар гардидани обрасонии заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ мусоидат намуда истодаанд.
Соли 2026 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия тасмим гирифтааст, ки агрегатҳои солҳои тӯлонӣ аз кор мондаро барқарор намуда, сифати обрасониро беҳтар намоянд.
Инчунин пойгоҳи обкашии «Ленинобод» баъд аз таъмир ба кор дароварда шуд. Ин пойгоҳ давоми солҳои охир дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт.
Ба кор даровардани иншооти обрасонӣ бешубҳа таъминоти оби полезиро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ беҳтар намуда, барои ба даст овардани ҳосили хуби зироати кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад, ки онҳо аз 19 агрегати пуриқтидор ва 10 агрегати иқтидорашон хурд иборатанд.
АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






