Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид

Июль 25, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба иртибототи глобалӣ Мелисса Флеминг мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро дар соҳаи иртибототи глобалӣ, аз ҷумла иртибототи стратегӣ, иттилоърасонии омма, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои муштараки дарпешистода, инчунин муаррифии афзалият ва ташаббусҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар самти сулҳ ва фарҳанг тавассути воситаҳои муассири иртиботӣ ва иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ва идомаи муколамаи созанда оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 25, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»