Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавонмандсозии ҷавонон ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Роҳбари Барномаи ҷавонони Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Рана Машҳуд Аҳмад Хон мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар самтҳои тавонмандсозии ҷавонон, таҳаввулоти рақамӣ, инноватсия ва рушди иқтидор, аз ҷумла тавассути рушди соҳаи маориф, такмили малакаҳои касбӣ, соҳибкорӣ, истифодаи технологияҳои нав, зеҳни сунъӣ, инноватсияи рақамӣ ва табодули дониш бо мақсади фароҳам овардани имконияти нав барои ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории амалӣ ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба тавонмандсозии ҷавонон ва пешбурди рушди устувор тавассути инноватсия ва технологияҳо равона шудаанд, изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






