Дар Ню-Йорк масоили ҷалби иқтидори IT-диаспораи тоҷикон ба рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Июль 20, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо намояндагони IT-диаспораи тоҷикон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ бо ташаббуси агентӣ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ташкил карда шуд.

Дар оғози вохӯрӣ муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Парвиз Нориён оид ба вазъи кунунӣ, имконияти сармоягузорӣ ва дурнамои рушди соҳаи алоқа ва инфрасохтори рақамии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод намуд. Дар доираи он самтҳои афзалиятноки рушди соҳа ва имконияти иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ дар татбиқи лоиҳаҳои технологӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо мутахассисони тоҷики муқими хориҷи мамлакат, ҷалби дониш, таҷриба ва имконияти касбии онҳо барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва инфрасохтори рақамии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин штирокчиён доир ба ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти технологияҳои рақамӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён пешниҳод ва андешаҳои худро оид ба ташкили ҳамкории амалӣ, табодули таҷриба, омодасозии кадрҳои баландихтисос, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба рушди соҳаи рақамии Тоҷикистон иброз намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкории минбаъда дар самти рушди экосистемаи рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 20, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд