Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (HLPF-2026) Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид якҷо бо Департаменти масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UN DESA) ва дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) таҳти унвони «Аз Душанбе то HLPF ва Абузабӣ: корбурди равандҳои бисёрҷониба барои суръатбахшии амалҳои марбут ба об ҷиҳати рушди устувор» чорабинии канорӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.
Зимни суханронӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат иброз дошт, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» таҳти шиори «Муттаҳидгардонии ҷаҳон барои об» беш аз 2500 иштирокдорро аз зиёда аз 110 кишвари ҷаҳон ба ҳам оварда, ҳамчун марҳилаи муҳим дар татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва Даҳсолаи байналмилалии амал хизмат намуд.
Гуфта шуд, ки аз ҷумлаи натиҷаҳои асосии конфронс қабули Эъломияи Душанбе, Хулосаи ҳамраисон ва Саҳми Душанбе ба Конфронси оби СММ-2026 мебошанд. Ин ҳуҷҷатҳо тавсияҳои калидӣ, уҳдадориҳои ихтиёрӣ ва шарикиҳои навро муттаҳид намуда, дар омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 дар шаҳри Абузабӣ ва баррасии ниҳоии Даҳсолаи амал дар соли 2028 дар Тоҷикистон нақши муҳим хоҳанд дошт.
Ҳамзамон Ҷонибек Ҳикмат ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба таъсиси Чаҳорчӯби обии Душанбе ҳамчун дурнамои муассири таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об пас аз соли 2030 муаррифӣ намуд.
Таъкид гардид, ки ин ташаббус ба дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал, Раванди оби Душанбе ва Нақшаи амал оид ба об такя намуда, ба таҳкими ҳамоҳангсозӣ, татбиқ ва шарикиҳои байналмилалӣ бо мақсади суръат бахшидан ба амалҳои глобалӣ дар соҳаи об равона шудааст.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






