Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд

Июль 31, 2026 08:46

ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Миср мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо ҳайате аз Бунёди байналмилалии «Паёми сулҳ» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкорӣ байни Сафорат ва Бунёд, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муштаракро барои таблиғу тарвиҷи фарҳанги сулҳ, инчунин ҳолати кунунии буҳронҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 25 июни соли 2026  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027–2036» қабул кард. Сафир ҳадафи ин иқдомро таҳкими сулҳ, рушди муколама ва мусолиҳа, инчунин таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо бо назардошти манфиатҳои наслҳои оянда унвон кард.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср

Июль 31, 2026 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд