Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд

Июль 8, 2026 09:33

НОРАК, 08.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон имрӯзҳо дар басти якуми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳияи Қубодиён ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус директори истироҳатгоҳи «Офтобак»-и шаҳри Норак Саломат Саидова иттилоъ дод.

Истироҳатгоҳи «Офтобак» дорои беҳтарин шароит мебошад, ки дар басти якуми он кӯдакону наврасони ятиму бепарастор аз оилаҳои камбизоат, хонандагони қобилиятнок ва фарзандони кормандони соҳаҳои гуногун ҷалб гардиданд. Онҳо бо се вақт хӯроки гарм таъмин буда, аз имкониятҳои истироҳатгоҳ самаранок истифода бурда, айни замон истироҳати бофароғат доранд.

Мураббии истироҳатгоҳи «Офтобак» Таҳмина Мулоева иброз дошт, ки барои хубу хотирмон гузаштани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, мураббиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» ғайр аз машғулиятҳои варзишӣ, аз қабили оббозӣ, шашкаю шоҳмот, футбол, валейбол ва тениси рӯйи мизӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни «Шоми байтбарак», озмунҳои «Ҳозирҷавобон» ва хондани сурудҳо дар васфи Ватан-Модар доир намуда, хотири истироҳаткунандагонро болида месозанд.

Мураббиён ва мутасаддиёни истироҳатгоҳ мақсад гузоштаанд, ки кӯдакону наврасон дар таътили тобистона бо як ҷаҳон таассуроти неку фаромӯшношуданӣ ба хона, назди волидонашон баргарданд.

Соли равон дар мавриди дастгирӣ намудани Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак истироҳатгоҳи «Офтобак» метавонад дар се баст фаъолият намояд ва садҳо нафар кӯдакону наврасон дар он истироҳат намоянд.

Мутахассисони шуъбаи маорифи шаҳри Норак гуфтанд, ки то имрӯз дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр 2700 кӯдаку наврас, дар назди муассисаҳои томактабӣ 2000 нафар, дар назди мактабҳои варзишӣ 980 нафар ва дар майдончаҳои истироҳатӣ-тандурустӣ 1260 нафар ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин 15 нафар фарзандони кормандони соҳаи маориф ва 75 нафар фарзандони кормандони неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» дар истироҳатгоҳҳои «Файзи Истиқлол» ва «Энергетик» истироҳат менамоянд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд