Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид

Июль 1, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо иқдоми Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз дошт, ки қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва башардӯстонаи Тоҷикистон мебошад. Ин санад барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, муколамаи тамаддунҳо, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва тарғиби ғояҳои сулҳу ҳамзистии осоишта дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

«Қабули ин ташаббуси муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели эътирофи нақши созандаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва густариши фарҳанги сулҳ мебошад»,-илова намуд Зафаршо Иброҳимзода.

Гуфта шуд, ки чунин иқдомҳо барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва ҳифзи сулҳу амният аҳамияти бузург доранд.

Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш доир ба аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва саҳми муассисаҳои фарҳангӣ дар таблиғи арзишҳои сулҳу ваҳдат мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки Осорхонаи миллӣ ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангӣ метавонад тавассути баргузории намоишгоҳҳо, ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои маърифатӣ ва дигар чорабиниҳо дар тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳми арзанда гузорад.

Дар анҷом барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои вобаста ба тарғибу ташвиқи муҳтавои даҳсола, инчунин тақвияти корҳои иттилоотию маърифатӣ, ташкили чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба кормандон дастур дода шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 1, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст