Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд

Июль 4, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Миндонаи деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент аз ҷониби соҳибкоронӣ маҳаллӣ Муфтоҳиддин Нарзиев ва Аслиддин Фахриддинов корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳипарварӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.

Корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳипарварӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади татбиқи «Барномаи маҷмуавии рушди чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба фаъолият шуруъ намуданд.

Дар фермаи парандапарварӣ дар навбати аввал 12 ҳазор ҷӯҷаи мурғи гӯштӣ парвариш карда мешавад, ки он дар оянда ба 60 ҳазор расонида мешавад. Зоти мурғҳои бройлерӣ барои истеҳсоли гӯшт парвариш карда мешаванд. Дар муддати кӯтоҳ — аз 40 то 45 рӯз чӯҷаҳо то 2 килограмм вазн гирифта, барои забҳ тайёр мешаванд. Ин зоти мурғҳо нигоҳубини махсус, гармӣ ва хӯроки серғизо талаб менамоянд.

Инчунин дар ҳавзҳои моҳидорӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аслиддин Фахриддинов дар соҳили дарёи Зарафшон ташкил карда шудаааст, 12 ҳазор моҳичаҳои навъи амурӣ ва пешонисафед парвариш карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июль 4, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд