Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ва дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант доир мешавад.
Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон доранд, ки бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз наздик шинос шаванд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ низ пешниҳод мегардад.
Ҳунармандон бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои идонаро хотирмон мегардонанд.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 6 июни соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шуда истодаанд.
Ин чорабинии фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд






