Дар «Помиринвест-2026» иқтидори истеҳсолию саноатии Бадахшон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ-маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии «Помир-инвест-2026» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Форуми байналмилалии «Помиринвест-2026» ҳамасола бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида мешавад.
Зимни ифтитоҳ гуфта шуд, ки Форуми байналмилалии «Помиринвест–2026» яке аз муҳимтарин майдонҳои муаррифии имконоти сармоягузории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ҳадафи асосии форум ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии иқтидори иқтисодии вилоят дар бахшҳои сайёҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат ва инфрасохтор аст. Ин ҳамоиш барои пешниҳоди лоиҳаҳои нав, таъсиси ҷойи кор ва рушди устувори иқтисоди минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки шарикони рушд «Помиринвест–2026» метавонад дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳми назаррас гузорад.
Иштирокдорон ва меҳмонони Форуми байналмилалии «Помиринвест-2026» ҳамзамон бо иқтидори истеҳсолию саноатӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос шуданд. Ба меҳмонон ва иштирокдорон доир ба имконоти сармоягузорӣ, рушди саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва афзоиши иқтидори содиротӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон













Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






