Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд

Июль 18, 2026 23:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баргузор  гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт  растаҳои ташкилнамудаи кишоварзон, ҳунармандон ва пухтупазҳои кадбонуҳоро тамошо  карда, ба маҳсули дасти  ҳунармандону кишоварзон ва маҳорати хоси сокинони ноҳия баҳои баланд доданд. Ин ҳамоиши фарҳангӣ дастоварҳои ноҳияро дар солҳои соҳибистиқлолӣ   муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин аҳли фарҳанги ноҳия таронаю рақсҳои дилнишонро пешниҳоди сокинон гардониданд.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1930 дар шимоли вилояти Хатлон ташкил шуда, аҳолиаш беш аз 168,1 ҳазор нафар мебошад. Дар ҳудуди маъмурии ноҳия 1 ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот амал мекунанд. Дар ноҳия 1 Кохи фарҳанг, 3 хонаи фарҳангии шакли шаҳрӣ, 3 хонаи фарҳангии деҳотӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 11 китобхонаи деҳотӣ, мактаби санъати бачагона ва гурӯҳи ҳунарӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Дар ноҳия инчунин 63 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 литсейи бачагони лаёқатманд ва 6 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд.

Сокинони ноҳия асосан ба кишоварзӣ- парвариши пахта, ғалладонагиҳо, боғу токпарварӣ, маҳсулоти полезӣ, сабзавот,  инчунин ба чорводорӣ машғул мебошанд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар байни мардум касбу ҳунарҳои гуногун, аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, оҳангарӣ, дуторсозӣ ва гулдӯзӣ аз насл ба насл ба мерос мондаанд.

Июль 18, 2026 23:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд