Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш доир шуд, ки дар он дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин рӯз аз ҷониби масъулони ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои гуногуни хӯроки миллӣ, маҳсулоти нонӣ, кишоварзӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Гӯшаву канори боғ бо маҳорати баланди зебоисозӣ бо маҳсули эҷоди ҳунармандону маҳсулоти кишоварзӣ таҳия гардида, фазои идонаи чорабинӣ далели таъмини ваҳдати комил ва рушди устувору бонизоми мамлакатро инъикос менамуд. Инчунин суруду таронаҳои ватандӯстона хотири иштирокдоронро боз ҳам болида гардонид.
Иттилоъ дода шуд, ки ноҳияи Вахш яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон буда, минтақаи муҳими аграрӣ ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузорад.
Кишоварзони ноҳия ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун гардонида, бо содирот намудани молу маҳсулот ба хориҷи мамлакат дар рушди устувори иқтисодиёт нақши муҳим доранд.
Ноҳия аз 8 ҷамоати шаҳраку деҳот иборат буда, беш аз 213 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Инчунин дар ноҳия 5 хонаи фарҳанг, 5 клуби деҳот ва 18 китобхона амал мекунад, ки дар тақвият додани маърифати сокинон мусоидат мекунад.
Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихии Аҷинатеппа, Чоргултеппа, теппаи Ҳазрати Баракат, Қизлартеппа ва ғайра мавҷуданд, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин мавзеъҳо дидан намуда, бо таърихи қадима ва пурғановати ноҳия шинос мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»




























Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






