Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид

Июль 18, 2026 21:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Рӯзи фарҳанги шаҳрро бо ороиш ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва муаррифии фарҳанги пурғановати миллат оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоиш аҳли ҳунари шаҳри Кӯлоб номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, нонию қаннодӣ ва намунаҳои қадимию муосири ҳунарҳои мардумиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд.

Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мевагӣ, полезӣ, хушкмеваҳо ва дигар навъҳои он пешниҳод шуданд. Дар қисмати дигари боғ ҳунарҳои мардумию дастии занон ва дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр ба намоиш гузошта шуданд.

Имрӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон  пайдо намуданд,  ки  бо фарҳангу суннатҳои ин шаҳри бостонӣ аз наздик шинос  шаванд. Ҳунармандон беҳтарин ҳунарҳои ороишӣ-амалӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои суннатиро ба намоиш гузоштанд, ки аз пурғановат будани фарҳанги миллат тоҷик дарак медиҳанд.

Баргузории Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланди ташкилӣ  шаҳодат аз он медиҳад, ки сокинони шаҳр ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии  ҳамаҷониба  дидаанд.

Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе рамзи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳо буда, бо таърихи куҳанаш таваҷҷуҳи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб кардааст. Таърихи беш аз 2700-сола доштани ин шаҳрро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат дода, дар таърихномаҳо Кӯлоб ҳамчун шаҳри обод бо мардуми ҳунарманд дарҷ гардидааст. Шаҳри Кӯлоб аз 4 ҷамоат ва 63 маҳалла иборат мебошад, ки дар онҳо беш аз 200 000 ҳазор аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Дар айни ҳол Кӯлоб сеюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Барои сайёҳон дар ин шаҳр маконҳои ҷолиб зиёданд, ки маъруфтаринашон Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб, Осорхонаи таърихии Кӯлоб, осорхонаи шоирон Сайдалӣ Вализода ва Ашӯр Сафар, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, майдонҳои Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ, муҷассамаи «Модар», муҷассамаи «Оила» ва дигар муҷассамаҳо, инчунин оромгоҳи ҳакими машриқзамин Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, оромгоҳи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, чашмаи пурмоҳии «Девоначанор» ва оромгоҳи Хоҷағоиб мебошанд.

Дар шаҳри Кӯлоб барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Дар мавриди  хизматрасонии нақлиётӣ метавон гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб Фурудгоҳи байналмилалӣ, Истгоҳи роҳи оҳан ва терминали мусофирбарӣ фаъолият мекунанд. Кӯлоб пойтахти фарҳангии Иттҳоди Давлатҳои Мустақил шинохта шуда, дар он муассисаҳои гуногуни фарҳангӣ фаъолият мекунанд. Дар шаҳр ҳафт меҳмонхона  фаъолият мекунад, ки бо тамоми шароити муосир таъмин мебошанд.

Шаҳри Кӯлоб аз қадимулайём бо ҳунармандони чирадасти худ машҳур гардидааст. Имрӯзҳо сокинони шаҳри Кӯлоб ба ҳунарҳои гуногуни халқии қадимӣ ва муосир, ба мисли бофандагӣ (ҷӯроббофӣ, гилембофӣ, қолинбофӣ), дӯзандагӣ (чакандӯзӣ, порадӯзӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, пойафзолдӯзӣ…), намадмолӣ, дуредгарӣ (табақтарошӣ, чумчатарошӣ, ҳайкалтарошӣ, зиниасптарошӣ, гаҳворасозӣ, асбобҳои мусиқӣ…), оҳангарӣ (асбобҳои рӯзгор, аз қабили табар, болға, бел, каланд, дос, танӯру лулатанӯр…), заргарӣ, пазандагӣ (истифодаи махсус аз маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ нонӣ ва алафӣ…) ва ғайраҳо машғул мебошанд. Инчунин занони ҳунарманди шаҳри Кӯлоб анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла қалама, таҳмол, оши бурида, оши палав, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб, ривоч, нашоиста ва ғайраро бо маҳорати баланд омода мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2026 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд