Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.
Дар чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳайати дипломатии муқими Женева, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар кишвари иқомат иштирок намуданд.
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва ҳифзи соҳибихтиёриву тамомияти арзии ҷумҳурӣ таъкид карданд.
Иброз гардид, ки раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз намунаҳои муваффақи сулҳофарӣ дар таҷрибаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Дар доираи чорабинӣ таомҳои тоҷикӣ, барномаи фарҳангӣ ва намунаҳои либоси миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба меҳмонон муаррифӣ шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария











Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






