Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 июни соли 2026 дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои ҷумҳурӣ (бе назардошти маълумоти Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи тайёри озуқаворӣ захира гардидааст, ки барои таъмини бозори дохилӣ, нигоҳдории муътадили нархҳо ва қонеъ намудани талаботи аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар сардхона ва анборхонаҳои ҷумҳурӣ 14 275,7 тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд. Аз он гандум 13 879,9 тонна, ҷав 392,3 тонна, шолӣ 2,5 тонна, ҷуворимакка барои дон 52,5 тонна, картошка 27,9 тонна, сабзавот ҳамагӣ 186,1 тонна, аз он сабзӣ 13,1 тонна, бехпиёз 173,0 тоннаро ташкил медиҳад. Инчунин 94,8 тонна мевагиҳо, 640,7 тонна орд, 3850,6 тонна шакар, 1423,0 тонна равғани растанӣ, 50,1 тонна биринҷ ва 9390,8 ҳазор қуттии шартӣ ҳама намудҳои консерва захира карда шудаанд.
Маҳсулоти асосии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ, нигоҳ доштани муътадилии бозори истеъмолӣ ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал захира шуда, барои фаъолияти устувори низоми таъминоти озуқаворӣ ва ҳифзи суботи бозори дохилӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






