Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо мақсади таъмини ҳаракати бехатару мунтазами воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии ҳаракат лоиҳаи «Шаҳри бехатар» татбиқ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд.
Тибқи нақша, рӯзҳои наздик корҳои васлу насби таҷҳизот оғоз гардида, баъди ба истифода додани онҳо сатҳи хизматрасонии инфрасохтори шаҳр беҳтар мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи амалишавии лоиҳа шумораи зарурии сутунпояҳо, чароғакҳои муосири рақамии роҳнамо, камераҳои мушоҳидавӣ ва беш аз 25 ҳазор метр ноқилҳои барқӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуданд. Ин таҷҳизот барои бунёд ва ҷорӣ намудани низоми муосири «Шаҳри бехатар» пешбинӣ гардида, дар кӯчаҳои марказӣ, чорроҳаҳо, роҳҳои асосии дохилишаҳрӣ ва дигар мавзеъҳои муҳими шаҳр насб карда мешаванд.
Ин иқдом барои фароҳам овардани муҳити боз ҳам амну осуда, муосир ва бароҳат барои сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар замина фароҳам меорад.
Пас аз анҷоми корҳои васлу насб низоми муосири назорат ва идоракунии ҳаракати нақлиёт мавриди истифода қарор гирифта, он ба танзими беҳтари ҳаракат, баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






