Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад

Июль 30, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар тавозуни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» 90 электробуси замонавӣ мавҷуд аст. Инчунин  барои харидани боз 100 электробуси замонавии нав тибқи шартнома бо ширкати ватанӣ корҳо оғоз гардидаанд. Дар ин хусус муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ зимни нишасти мутбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар пойтахти мамлакат бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» шумораи электробусҳои замонавии нав бештар мегардад. Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша дорад, ки то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.

Электробусҳои замонавӣ бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст доранд ва ғунҷоиши умумӣ дар онҳо 100 мусофирро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 киломатр роҳро дар бар мегирад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 сол мебошад.

Барои ҳар рӯз бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёт дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и пойтахт нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ бунёд карда шудааст.

Электробусҳо нисбат ба автобусҳои одии дизелӣ ё бензинӣ якчанд афзалияти муҳим доранд. Яъне, онҳо гази заҳрнок намебароранд, ҳаворо олуда намекунанд ва партови карбонро кам мекунанд. Инчунин хароҷоти таъмирашон камтар мебошад, зеро муҳаррики содатар доранд, орому бесадо буда, ларзиш (вибратсия) надоранд.

Гузариш ба истифодаи мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон  аз он ҷиҳат бартарият дорад, ки мамлакат дорои захираҳои бойи энергетикӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, он аз маҳсулоти нафтии воридотӣ вобастагӣ дорад. Яъне, афзоиши истифодаи мошинҳои барқӣ дар ҷумҳурӣ ба истифодаи самараноки маҳсулоти худӣ – барқ ва даст кашидан ё хеле коҳиш додани хариди маҳсулоти нафтӣ аз хориҷи мамлкат мусоидат мекунад, ки ин аҳамияти калони иқтисодӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастрӣ» ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 ба фаъолият оғоз намудааст. Ширкат воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари замонавии тамғаи «Акиа»-ро банду баст ва истеҳсол карда, дар саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм мегузорад.

Бо мақсади ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе, беҳтар намудани вазъи экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаии муҳаррики дарунсӯз, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин ширкат бори аввал дар Тоҷикистон электробус истеҳсол намуд.

Нақлиёти “сабз” яке аз роҳҳои асосӣ дар ҳифзи муҳити атроф ба ҳисоб меравад. Зеро истифодаи он ба коҳиши ифлосшавии ҳаво ва кам кардани садо дар муҳити шаҳр мусоидат мекунад. Истифодаи нақлиёти барқӣ истихроҷи сӯзишвориҳои истихроҷшавандаро коҳиш дода, на танҳо барои табиат, балки барои саломатии инсон низ манфиатовар аст. Гузариш ба нақлиёти «сабз» қадами муҳим ба самти рушди устувор ва шаҳрҳои солими экологӣ ба шумор меравад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 30, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд