Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид

Июль 15, 2026 13:43

ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратию соҳибкории вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Шэнсии Чин ҳамоиши тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Муаррифии имконоти иқтисодии ҳарду минтақа ва фароҳам овардани майдони мусоид барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва ширкатҳо аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш арзёбӣ гардид. Дар оғози форум муовини губернатори музофоти Шэнсӣ Ли Сзюхун иброз намуд, ки ҳамоиши соҳибкорон барои рушди ҳамкории минбаъда қадами муассир мебошад.

Гуфта шуд, ки музофоти Шэнсӣ яке аз минтақаҳои рушдёфтаи Чин буда, аз лиҳози иқтисодӣ устувор ва дар самти истеҳсолу тиҷорат пешсаф мебошад. Музофоти Шэнсӣ омода аст ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва зеҳниро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо вилояти Суғд густариш диҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ҳам овардани доираҳои тиҷоратию соҳибкории ду давлатро муҳим маънидод намуда, аз рушди ҳамкории вилоят бо минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуд. Гуфта шуд, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши мол байни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ баробар гардида, дар шаш моҳи соли равон ин омор 775 миллион долларро ташкил дод.

Таъкид шуд, ки вилояти Суғд имрӯз бо 65 давлати дунё ва институтҳои молиявии байналмилалӣ робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дорад. Дар маркази маъмурии вилоят- шаҳри Хуҷанд Минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад, ки барои шарикони рушд дар мавриди ташкили корхонаҳои муштарак ва пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ имтиёзҳои зарурӣ фароҳам овардааст.

Дар ҳамоиши иқтисодию тиҷоратӣ намояндагони доираҳои соҳибкории ҳарду ҷониб изҳори андеша намуда, доир ба фаъолият, имконоти ҳамкорӣ ва роҳҳои минбаъдаи рушди он табодули назар намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 15, 2026 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд