Дар Шанхай масъалаи таъсиси кластери саноатии металлҳои ранга дар вилояти Суғд баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои таъсиси кластери саноатии металлҳои ранга дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Президенти ширкати «Tibet Everest»-и Чин Хуан Тсзянжун, ки муассиси корхонаи муштараки «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» мебошад, дар Шанхай баррасӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо инчунин ташкили парки махсуси технологиро бо ҷорӣ намудани истеҳсолоти муосири металлургӣ баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ташкили коркарди амиқи ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва тавсеаи ҳамкории саноатӣ дода шуд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур метавонад ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кӯҳию металлургӣ, таъсиси ҷойи нави кор, ҷалби технологияҳои пешрафта ва сармояи хориҷӣ, инчунин афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат намояд. Ташаккули кластери саноатӣ ҳамчунин барои таҳкими кооператсияи самараноки корхонаҳо, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ, рушди зерсохтор ва омодасозии кадрҳои баландихтисос заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷонибҳо аз идомаи пешбурди ташаббусҳое, ки ба рушди металлургияи металлҳои ранга ва ташаккули заминаи муосири саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Интизор меравад, ки таъсиси парки технологӣ қадами муҳим дар роҳи саноатикунонии босуръати мамлакат, таҳкими мавқеи он дар бозорҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ гардад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






