Дар шаш моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 5 миллиард доллар молу маҳсулот ворид гардидааст

Июль 24, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон аз хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 5 миллиарду 224,3 миллион доллар молу маҳсулот ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1 миллиарду 403,1 миллион доллар ё 36,7 фоиз зиёд буда, дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 76,8 фоиз ва содирот 23,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ба ҷумҳурӣ аз хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 494,7 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ, 350,3 миллион доллар воситаҳои нақлиёти сабукрав, 171,6 миллион доллар гандум, 164,3 миллион доллар гази моеъ, 92,9 миллион доллар маҳсулоти меваю сабзавот, 92,6 миллион доллар чӯбу тахта, 85,6 миллион доллар телефонҳои мобилӣ (портали imei.tj), 71,4 миллион доллар равғани растанӣ, 54 миллион доллар шакар, 47,5 миллион доллар оксиди алюминий (глинозем), 31,4 миллион доллар гӯшти мурғ, 24,6 миллион доллар нуриҳои минералӣ, 19 миллион доллар гӯшти ҳайвони калони шохдор, 11,4 миллион доллар орд ва ба маблағи 3,8 миллион доллар семент ворид гардидааст.

Дар ин давра воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба миқдори 1 ҳазору 695 адад ё 5,6 фоиз, равғани растанӣ 6 ҳазору 687 тонна ё 11,8 фоиз, маҳсулоти нафтӣ 60 ҳазору 976 тонна ё 5,4 фоиз, гандум 39 ҳазору 605 тонна ё 6,4 фоиз, гӯшти мурғ ба миқдори 3 ҳазору 142 тонна ё 64,7 фоиз, гази моеъ 64 ҳазору 177 тонна ё 36,3 фоиз, телефонҳои мобилӣ (партали imei.tj) ба миқдори 59 ҳазору 55 адад ё 12,9 фоиз зиёд гардидаанд.

Воридоти оксиди алюминий (глинозем) ба миқдори 30 ҳазору 593 тонна ё 29,9 фоиз, нуриҳои минералӣ 35 ҳазору 880 тонна ё 33,9 фоиз, чӯбу тахта дар ҳаҷми 20 ҳазору 392 тонна ё 9,5 фоиз ва шакар ба миқдори 12 ҳазору 761 тонна ё 13,6 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар ин давра воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон ба андозаи 362,3 миллион доллар, Русия 224,6 миллион доллар, Қазоқистон 174,6 миллион доллар, Олмон 36,1 миллион доллар, Эрон 29,9 миллион доллар, Ҷумҳурии Корея 26,7 миллион доллар, Қирғизистон 17,0 миллион доллар, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 14,6 миллион доллар, Туркия 11,5 миллион доллар ва Ветнам 11,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Воридоти мол ба Тоҷикистон аз Британияи Кабир ба андозаи 15,5 миллион доллар, Покистон 10,3 миллион доллар, Узбекистон 6,8 миллион доллар, Амрико 5,8 миллион доллар, Ҳоланд 3,8 миллион доллар, Ҳиндустон 3,1 миллион доллар ва Фаронса 4,4 миллион доллар кам шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд