Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 199 ҳазору 206 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Кӯлоб шинос гардиданд. Аз ин шумора 5738 нафар гардишгарони хориҷӣ ва 193 ҳазору 468 нафар сайёҳони дохилӣ мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб 19 меҳмонхона, 16 тарабхона, 10 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 7 мавзеи сайёҳӣ, 5 зиёратгоҳ, 4 осорхона, 4 мағозаи армуғонҳо, 4 чойхона ва 3 нуқтаи иттилоотии сайёҳӣ барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ фаъолият менамоянд.
Шаҳри Кӯлоб дорои таърихи беш аз 2700-сола буда, яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни тоҷикон мебошад. Захираҳои бойи таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии ин шаҳр ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сайёҳии минтақа ва мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Сайёҳон ба ин минтақа бештар бо мақсади тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангии Осорхонаи Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин табиати нотакрори мавзеъҳои сайёҳии ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, аз ҷумла Сари Хосор, Чилдухтарон ва оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ мераванд.
Маҳсули дасти занони ҳунарманди ин шаҳр диққати сайёҳонро ба ин макон бештар ҷалб намудааст. Чакандӯзӣ, порадӯзӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ ва табақтарошӣ аз ҷумлаи ҳунарҳое мебошанд, ки на танҳо барои ҷалби сайёҳон, балки ба рушди иқтисоди хонаводагӣ ва афзоиши ҷойи кор мусоидат менамоянд.
Инчунин ҳунари хӯрокпазии занони ҳунарманди Кӯлобшаҳр ҷузъи ҷолиби сайёҳии ин минтақа ба шумор меравад. Онҳо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз қабили қалама, таҳмол, оши бурида, оши палав, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб ва нашоистаро бо маҳорати баланд омода менамоянд.
Сайёҳон ва меҳмонони шаҳр ҳангоми шиносоӣ аз бозорҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз ин таомҳои хушлаззат мечашанд ва бо таъми хоси хӯрокҳои миллӣ ошно мегарданд. Ба ақидаи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, маҳз ҳамин навъи ҳунари занони маҳаллӣ метавонад барои рушди сайёҳии гастрономӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Бояд гуфт, ки сайёҳӣ дар мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятноку даромаднок буда, аз ин ҳисоб маблағҳои зиёд ба буҷаи давлат ворид гардида, барои рушди иқтисодиёти мамлакат пурсамар истифода бурда мешаванд.
Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти хеле калон дорад. Агар ин имконот пурра истифода шаванд, ҳамасола сайёҳони зиёди хориҷӣ ба мамлакати мо барои тамошои маконҳои ҷолиб меоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст






