Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд

Июль 28, 2026 10:30

ВАРЗОБ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли 2026 34 407 нафар сайёҳон ба дидани ноҳияи Варзоб омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 327 нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла, 3915 сайёҳи хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияро тамошо намуданд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2025 263 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода 27 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар ноҳияи Варзоб зиёда аз 1000 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб фаъолияти 110 минтақаи истироҳатӣ-оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти якчанд иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Ёвар», «Гулобод», «Гули майда», «Сайёҳ» ва Маҷмааи комплекси лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад. Дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шуда, онҳо ба таври мунтазам фаъолият менамоянд.

Дар ноҳияи Варзоб 25 ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошад, ки 17 ёдгорӣ бостонӣ ва 8 ёдгорӣ меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад. Ин ёдгориҳо дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Варзоб бо мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, табиати нотакрор ва иқлими форам яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ноҳияи кӯҳистон, ки дар наздикии пойтахт– шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ҳамасола меҳмонону сайёҳони зиёдеро аз дохил ва хориҷи мамлакат қабул мекунад. Манзараҳои зебои кӯҳӣ, дарёи мусаффои Варзоб, ҳавои тоза ва инфрасохтори сайёҳӣ барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳати оилавӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд