Дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 1 миллион килограмм маҳсулоти ғайристандартӣ аз муомилот гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1 миллиону 164 ҳазору 596 килограмм маҳсулоти ғайристандартӣ аз муомилот гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 919 ҳазору 224 килограмм зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Инчунин аз ҷониби соҳибкорон барои нобудсозии 619 ҳазору 409 килограмм маҳсулоти муҳлаташон гузашта, ба агентӣ дархост ворид шуд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2025 531 ҳазору 834 килограмм зиёд мебошад.
Иброз гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди содирот корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектҳои истеҳсолӣ вусъат дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамзамон барои муаррифии маҳсулоти ватанӣ бо мусоидати агентӣ ду корхонаи ватанӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳасар» ва Меҳмонхонаи «Румӣ» ба озмуни дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешбарӣ шуда, сазовори ҷоизаҳои баландтарини озмун гаштанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






