Дар шаш моҳи соли 2026 дар соҳаи саноати Тоҷикистон 1160 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст

Июль 21, 2026 08:23

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 191 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 1160 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус 20 июл зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазир шарҳ дод, ки дар вилояти Суғд 65 корхона бо таъсиси 453 ҷойи нави кор, дар вилояти Хатлон 46 корхона бо 414 ҷойи нави кор, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 28 корхона бо 85 ҷойи нави кор, дар шаҳри Душанбе 22 корхона бо 114 ҷойи нави кор ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 корхона бо 94 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуданд.

«Рушди соҳаи саноати мамлакат аз ҳисоби 26 фоиз афзудани саноати коркард, 16,8 фоиз таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 29,7 фоиз таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа таъмин гардидааст», — иброз дошт Абдураҳмон Абдураҳмонзода.

Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат соли 2025 дар ҷумҳурӣ 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Саҳми онҳо дар таъсиси ҷойи нави кор, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, инчунин аз давлати аграрӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон муассир арзёбӣ мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2026 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд