Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст

Июль 11, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардид, ки ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат 13,1 миллонн сар паранда парвариш ёфта, 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2026, дар ҷумҳурӣ 234 корхонаи парандапарварӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 142 адад ба вилояти Суғд, 40 адад ба вилояти Хатлон ва 52 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рост меояд.

«Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 116 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд»,-шарҳ дода шуд дар нишаст.

Соҳаи парандапарварӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими чорводорӣ дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти серғизо ва сафедадор нақши назаррас дорад. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад, истеҳсоли тухм 153,7 миллион дона ва гӯшти паранда 3419 тонна зиёд гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад