Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовин оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавии муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрӯдӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намуданд.
Дар ин замина ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд байни ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идомаи ҳамоҳангӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон








Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд






