Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар шаҳри Теҳрон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо Вазири роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд.
Ҳамчунин вохӯриҳои алоҳидаи ҳайати Тоҷикистон бо муовини Вазири роҳ ва шаҳрсозӣ, раиси Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Шакибинасаб ва муовини Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон, раиси Роҳи оҳани Эрон Ҷаббор Алӣ Зокирӣ баргузор гардиданд.
Зимни вохӯриҳо масъалаҳо доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми интиқоли мол тавассути масирҳои транзитии ду кишвар ва таъсиси маркази логистикӣ дар бандари Чобаҳор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон









Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






