Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид

Июль 1, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов нахустин маротиба  намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров», ки ба ҳаёту  фаъолияти ходими намоёни  сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста ва  Қаҳрамони  Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, пешниҳоди тамошобин гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Тавре директори Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон Фирдавс Қосимов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, намоишнома бар пояи ҳуҷҷатҳои таърихӣ, номаҳо ва дигар сарчашмаҳои муътамад таҳия гардида, тамошобинро ба даврае мебарад, ки сарнавишти миллат ва ҳувияти таърихии тоҷикон дар меҳвари баҳсҳои сиёсӣ ва муборизаҳои шаддид  қарор дошт.

«Тамошобинон дар баробари образи Бобоҷон Ғафуров,  инчунин нақшҳои Мирсаид Миршакар, Садриддин Айнӣ, Муҳаммадҷон Қосимов, Мирзо Турсунзода ва Туҳфа Фозиловаро хоҳанд дид. Намоишнома бинандаро ба фазои фарҳангӣ ва зеҳнии давру замоне мебарад, ки сарнавишти миллат ва ҳуввияти миллӣ як хусусияти хоси эҷоди халқи тоҷикро ташаккул медод»,–афзуд Фирдавс Қосимов.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ҳадафи намоишнома на танҳо бозгӯи роҳи зиндагии як шахсияти таърихӣ, балки шинос намудани насли ҷавон бо инсоне мебошад, ки дар ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ саҳми назаррас гузоштааст.

«Номи Бобоҷон Ғафуров барои бисёриҳо аз кӯдакӣ ошност, аммо на ҳама медонанд, ки ӯ дар шароити мураккаби замони худ барои ҳифзи таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик чӣ гуна мубориза бурдааст. Намоишнома маҳз ҳамин саҳифаҳои камшинохтаи ҳаёти қаҳрамони миллатро дар саҳна зинда мегардонад»,– баён дошт директори театр.

Коргардони намоишнома Абдулҳафиз Қодирӣ афзуд, ки «аксарият Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун таърихнигори барҷаста, ходими бузурги давлатӣ ва шахсияти соҳибэътибор мешиносанд. Аммо ҳар қадар бештар ҳуҷҷатҳо, хотираҳои ҳамзамонон ва маводи бойгониро меомӯхтем, ҳамон қадар равшантар мегардид, ки пушти ҳамаи ин унвону мақомҳо инсони хеле одӣ қарор дошт. Бисёриҳо номи Бобоҷон Ғафуровро бо китоби машҳури «Тоҷикон» ва фаъолияти илмӣ–сиёсиашро медонанд, вале на ҳама бузургии саҳми ӯро дар ҳифзи хотираи таърихии миллат дарк мекунанд».

«Мо кӯшиш намудем нишон диҳем, ки унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро Бобоҷон Ғафуров бо чи қадар ҷонбозиҳову фидокориҳо ва муборизаҳо  барои пешрафти миллат  соҳиб шудааст. Ин шахсияти барҷастаи тоҷик дар замоне барои адолати таърихӣ мубориза мебурд, ки ин кор осон ва ҳатто хатарнок буд. Ӯ дар ҳама сатҳҳо манфиатҳои Тоҷикистонро ҳимоя мекард ва ҳеҷ гоҳ аз эътиқоди худ даст намекашид», — мегӯяд Абдулҳафиз Қодирӣ.

Ба гуфти коргардон, тамошобин дар ин намоишнома шахсеро мебинад, ки ҳатто дар душвортарин давраҳои зиндагӣ аз эътиқод ва мавқеи худ даст накашидааст. Дар бархе аз саҳнаҳо Бобоҷон Ғафуровро на ҳамчун сиёсатмадор ё олим, балки ҳамчун инсоне мебинад, ки фикр мекунад, шубҳа дорад ва ранҷ мекашад.

Ба таъкиди Абдулҳафиз Қодирӣ яке аз саҳнаҳои муҳими намоишнома саҳнаи хоб аст, ки дар он симои модари Бобоҷон Ғафуров падид меояд. Маҳз тавассути ин саҳна ҷаҳони ботинӣ ва эҳсосоти амиқи қаҳрамон бозгӯ мешавад. Ба андешаи коргардон,  пас аз тамошои намоишнома бисёриҳо шахсияти Бобоҷон Ғафуровро аз дидгоҳи дигар дарк хоҳанд кард.

Тамошобини намоишнома Парвина Абдуллоева зимни суҳбат ба мо изҳор дошт, ки бисёр далелҳои зиндагии қаҳрамон барои ӯ нав буданд. Ба андешаи ин тамошобин,  коргардон тавонистааст ҳуҷҷатҳо ва лаҳзаҳои камшинохтаи ҳаёти Бобоҷон Ғафуровро пайдо намуда, онҳоро рӯи  саҳна оварад.

«Ба назари ман ҷавонон бояд шахсиятҳоеро, ки дар ташаккули таърихи давлати мо саҳм гузоштаанд, хуб бишносанд. Сарнавишти Бобоҷон Ғафуров нишон медиҳад, ки дониш, масъулият ва муҳаббат ба Ватан то чӣ андоза муҳиманд. Имрӯз ҷавонон бо чолишҳои нав рӯ ба рӯ мешаванд, аммо арзишҳои асосии зиндагӣ ҳамоно бетағйир мемонанд. Намоишнома нишон медиҳад, ки ватандӯстии ҳақиқӣ на дар суханони баланд, балки дар меҳнати ҳаррӯза таҷассум меёбад. Умедворам ҷавонон дар симои Бобоҷон Ғафуров намунаи содиқонаи хизмати халқро мебинанд. Шояд баъзеҳо баъди тамошои намоишнома хоҳиши амиқтар омӯхтани таърихи давлати худро пайдо намоянд. Ин худ натиҷаи хеле муҳим аст», — иброз намуд Парвина Абдуллоева.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд