Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад

Июль 11, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон тавассути Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи 1 миллиарду 193 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳор намуд, ки аз ин 5 лоиҳа ба маблағи 590,3 миллион доллари амрикоӣ дар ҷараёни татбиқ ва 6 лоиҳаи дигар ба маблағи 602,2 миллион доллари амрикоӣ ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд.

Гуфта шуд, ки аз ин маблағҳо 542,5 миллион доллари амрикоӣ ё 40,99 фоиз грант, 200,4 миллион доллари амрикоӣ ё 21,37 фоиз кумаки бебозгашт ва техникӣ, 342,5 миллион доллари амрикоӣ ё 31,38 фоиз қарзи беруна буда, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 85,1 миллион доллари амрикоӣ ё 6,26 фоизро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, соли 2026 бояд дар 8 лоиҳа бо дарозии умумии қариб 286,9 км ба маблағи 334,9 миллион доллари амрикоӣ корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Кӯлоб (32,2 км, 80 миллион доллар), Балҷувон – Сарихосор (58 км, 58 миллион доллар ), қисмати Мурғоб-Кулма (67 км, 78 миллион доллар), Лабиҷар-Сангвор (сохтмони 3 пул, 17,1 миллион доллар), роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб (11 км, 30 милллион доллар), таъмири роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Обигарм (70 км, 28,8 миллион доллар), сохтмони роҳи автомобилгарди Хистеварз – Конибодом (Арка) (9.7 км, 4.5 миллион доллар), Хоруғ-Роштқалъа (39 км, 38,5 миллион доллар ) оғоз шаванд.

Изҳор гардид, ки дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 053 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки 789 нафар ё 75 фоизро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад