Дар Тоҷикистон 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизион ва 25 радиои хусусӣ фаъолият доранд

Июль 6, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол дар Тоҷикистон 107 шабака ва муассисаи давлатиию хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизиони хусусӣ, 17 телевизиони ноқилӣ, 5 телевизиони IP, 25 радиои хусусӣ ва 19 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки дар шаш моҳи якуми соли равон дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон 55 ва дар шабакаҳои радиоӣ 33 лоиҳаи нав татбиқ карда шуд.

Маълумот дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Телевизиони Тоҷикистон 12 лоиҳаи нав (ҳамчунин барномаи «Лаҳзаҳои гуворо» эҳё гардид), Телевизиони «Сафина»-10, Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-10, Телевизиони «Илм ва табиат»-9, Телевизиони «Баҳористон»-7, Телевизиони «Хатлон»-5 ва Телевизиони «Суғд»-2 лоиҳаи нави телевизионӣ амалӣ гардид.

Ҳамзамон дар Радиои Тоҷикистон-12, радиои «Фарҳанг»-11, радиои «Садои Душанбе»-5 ва радиои «Овози тоҷик»-5 лоиҳаи нави радиоӣ  татбиқ карда шуд.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ фаъолияти худро ба инъикоси воқеъбинонаи сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангию таърихӣ, дастгирии сиёсати ҷавонон, занону оила, рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа равона намуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ  «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд