Дар Тоҷикистон 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар 3 соли охир 200 рӯзнома, аз инҳо 130 давлатӣ ва 70 мустақил, 199 маҷалла, аз инҳо 163 давлатӣ ва 36 мустақил, 100 матбаа, аз инҳо 24 давлатӣ, 76 мустақил, 20 нуқтаи фурӯши китоб, аз ин 1 давлатӣ, 19 мустақил, 13 нашриёт, аз ин 5 давлатӣ ва 8 мустақил, 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил дар вазорат ба ҳисоб гирифта шудааст.Чунин иттилоъ дода шуд 6 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳуриии Тоҷикистон.
Дар нишасти матбуоти ҳамчунин хабар доданд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 муассисаҳои нашриявии вазорат 79 номгӯй китоб бо теъдоди умумии 61 ҳазору 50 нусха ба маблағи зиёда аз 1,85 миллион сомонӣ ба табъ расониданд.
«Дар нимсолаи якум 28 чорабинӣ марбут ба намоиш-фурӯш ва муаррифии китоб (21 намоиш-фурӯш ва 7 муаррифии китоб) дар бинои вазорат, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Норак, Ваҳдат, ноҳияи Нуробод ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ бо иштироки доираи васеи алоқамандону дӯстдорони китоб баргузор гардид», — гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






