Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маҷмааи муосири истеҳсоли шиша дар доираи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат–санотикунонии мамлакат бо сармоягузории 120 миллион доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе сохта мешавад.
Баъди ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ беш аз 450 ҷойи нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд. Татбиқи ин тарҳ ба рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






